Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Модар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Дар озмун духтарони синфҳои 9 – 11-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, дар назди ҳайати ҳакамон аз рӯйи 10 номинатсия ҳунару маҳорат нишон доданд.
Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зарина Зуҳурова иброз дошт, ки мақсади асосӣ аз баргузории озмун ин омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
«Ҳадафи дигари ин озмун ҳавасмандгардонии кадбонуҳо, занони соҳибзавқу ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, зиёд намудани ҷойҳои кории нав, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.
Довталабони озмун таомҳои миллӣ ва маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайра тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.
Ғолибони озмун дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд






