Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои амалисозии бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод дар шоҳроҳи Роғун -Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳолҳои олуча ва дигар дарахтони сояафкан шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гирад, то дарахтон ба таври дуруст нашъунамо ёбанд.
Зиёд кардани дарахтон ва сабзу хуррамгардонӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Зеро дарахтон ва буттазор заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об ва дигар равандҳои табиӣ ҳифз намуда, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегарданд.
Бо ин мақсад дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шудааст. Ҳадафи он беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ мебошад.
АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






