Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд

Март 25, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Қасри миллии санъати кинои Узбекистон аз 23 то 25 март идома меёбанд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад, дар доираи ин рӯзҳо чанд филми тоҷикӣ, ки ҳаёти воқеӣ, сарнавишти инсонӣ ва мавзуъҳои иҷтимоиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд.

24 март маросими ифтитоҳи тантанавӣ баргузор гардида, дар он намояндагони соҳаи кинои ду ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар барнома директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев гуфт, ки синамои узбеку тоҷикро дугоник номидан мумкин аст, зеро кинематографистони машҳур Комил Ёрматов ва Борис Кимёгаров дар санъати синамои ҳар ду мамлакат ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Ҳунармандони узбек, ба мисли Ёдгор Саъдиев, Исамат Эргашев ва Тогон Реҷаметов дар бисёр филмҳои тоҷикӣ нақш бозида, Сайрам Исоева, Ато Муҳаммадҷонов ва Тоҳир Собиров барин санъаткорони тоҷик дар филмҳои офаридаи кинорежиссёрҳои узбек нақшҳои фаромӯшнашаванда бозидаанд. Ин анъана имрӯз ҳам давом дорад.

Дар ин рӯз филмҳои «Моҳӣ дар шаст» ва «Дар талоши ҳақиқат» пешкаши тамошобинон гардиданд. 25 март филмҳои «Ҷӯра-саркор» ва «Зиндагӣ зебост» намоиш дода мешаванд.

Ин чорабинӣ барои дӯстдорони кинои Узбекистон имконият фароҳам меорад, то бо дастовардҳои синамои тоҷик аз наздик шинос шаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Март 25, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст