ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ 500 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин иқдом дар доираи вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва масъулини сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳристон, кормандони ташкилоту идораҳо ва хоҷагии ҷангал иштирок намуданд.
Баҳодур Шерализода аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон дидан намуда, иброз дошт, ки нигоҳубин ва нашъунамои босифати ниҳолҳо ба таъмини рушди иқтисодиёти «сабз» ва коҳиши газҳои гулхонаӣ мусодат менамояд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист, ниҳолхона дар 4 гектар бунёд гардида, дар он 2000 бех коҷи кабуд ва 25 ҳазор бех сафедор дар ҳолати нашъунамо қарор доранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад






