ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд

Март 12, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 12.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд. Дарахтони шинонидашуда аз кишвари Эрон дастрас гардид. Нархи як дарахт 1500 сомонӣ аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иштирок намуд.

Фатония чӣ хусусият ва аз дигар дарахтон чӣ бартарӣ дорад? Фатония (номи илмӣ: Photinia) дарахти ороишӣ буда, ба кӯчаву хиёбонҳо ҳусни тоза мебахшад. Ин растанӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Эрон барои сабзазор ва девори зинда (живая изгородь) истифода мешавад. Баргҳои нави ин дарахт ранги сурх ё сурхи равшан доранд, баъдтар сабз мешаванд. Баландиашон маъмулан аз 2 то 5 метр мерасад. Дар баҳор гулҳои сафеди майда медиҳад. Гармиро дӯст медорад ва ба он обёрии муътадил лозим аст.

Фатония дар хокҳои оддӣ ҳам хуб месабзад. Дар ҷойи офтобӣ шинондани он беҳтар аст. Буридани шохаҳо (ҳар сол) баргҳои сурхи навро бештар мекунад. Дар Эрон навъи машҳури он Photinia Red Robin аст, ки барои ороиши ҳавлӣ ва роҳравҳо зиёд истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. То имрӯз бо риояи қоидаҳои агротехникӣ зиёда аз 12 ҳазору 600 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудаанд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр 882 бех ниҳолҳои павловния ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд.

Хотиррасон мешаем, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли 2025 бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Турсунзода 2130 бех дарахти павловния шинонида шуд. То ин муддат дар шаҳри Турсунзода 660 бех ниҳоли павловния шинонида шуд. Масъулини шаҳр кӯшиш доранд, ки нисбат ба соли 2025 дарахти павлонияро зиёдтар шинонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 12, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад