Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд

Март 13, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Маркази фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони диаспораҳо ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии шимолу ғарбии Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия.

Зимни вохӯрӣ самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Иброз гардид, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои  дар ин санади муҳим баёншуда аз ҳар корманд, фаъолони ҷомеа ва сокинон масъулияти баланд ва саҳми назаррас талаб менамояд. Татбиқи босамари нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва иштироки фаъоли аҳолиро тақозо менамояд.

«Дар шароити муосир тақлид ба фарҳанги бегона, густариши таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба шумор меравад», – изҳор шуд зимни вохӯрӣ.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардида, татбиқи ин иқдом метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ ҳар  ҳамватанро зарур аст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат саҳми назаррас гузорад.

Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд фаъолияти меҳнатии худро дар давлати иқомат дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монанд. Роҳбарони диаспораҳо даъват шуданд, ки ба раванди мутобиқшавии шаҳрвандон ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, кумаки ҳуқуқӣ расонанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва афзалият додан ба рушди соҳаи маориф заминаи асосии ободонии ноҳия, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва пешрафти иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии шимолу ғарбии Русия даъват карда шуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти ҳамарӯзаро ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда равона намуда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва наврасону ҷавонони ватандӯст саҳми арзанда гузоранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 13, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд