Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 апрели соли 2026 дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад.
Дар доираи форум гузаронидани саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар барномаи форум таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳое бахшида мешавад, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
Интизор меравад, ки дар форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи коршиносон, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин гурӯҳҳои ҷавонони ташаббускор иштирок намоянд.
Форум ба тақвияти ҳамкории устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






