Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист ва инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафти ҷамъият низ, дар навбати аввал, ба илм вобастагӣ дорад. Чунин таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр.
Дар идома ёдоварӣ гардид, ки дар Қуръони шариф зикр шудааст, ки донишмандону босаводон ҳеҷ гоҳ бо бесаводону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи мардуми босаводу донишманд ҳамеша болотар аст. Дар ҳадисҳои Пайғамбарамон низ ҳамаи умматон – чи зану чи мард ба омӯхтани илму дониш тарғиб карда мешаванд.
«Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳиби маърифати баланд гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад, босабру таҳаммул ва ботамкину мулоҳизакор бошад, — тазаккур доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. — Танҳо инсони донишманд ба шинохти дурусти худ ва интихоби муносиби мавқеи хеш дар ҷомеа қодир мебошад ва андешаву рафторашро аз ифротгароиву тундравӣ ва таассуб ҳифз карда метавонад».
Иброз гардид, ки ҷойи баҳс нест ва барои ҳама мусаллам аст, ки ҳар ҷо бесаводиву нодонист, он ҷо ҳатман таассуб ва ҷаҳолату хурофот ҳоким аст.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд, яъне ҳамчун шахси баодобу хушахлоқ ва босаводу соҳибмаърифат ба камол расонидани ӯ нақши падару модар муайянкунанда мебошад.
«Вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия кардан, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани ӯ низ вазифаи муқаддаси падару модар аст, — таъкид намуданд Президенти мамлакат ва ёдовар шуданд, ки дар Қуръони маҷид ба бандагони Худо тақрибан 70 маротиба аз тоату ибодат паём дода шудааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад сухан рафтааст».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар такрор намуданд, ки дар аввалин ояти Қуръони карим калимаи «иқраъ», яъне «бихон» омадааст ва Худованд дар он чунин ҳукм кардааст: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки туро офарид! Бихон ва Парвардигори ту бисёр карим аст! Он касе, ки ба василаи қалам инсонро дониш омӯхт». Ҳамчунин дар яке аз ҳадисҳои Пайғамбари ислом таъкид шудааст, ки саҳлтарин, яъне осонтарин роҳе, ки инсонро ба биҳишт мерасонад, омӯзиши илму дониш мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба таъкиди Пешвои миллат, вазифаи муқаддаси падару модарон аз он иборат аст, ки фарзанди худро дуруст тарбия намоянд, ӯро ба зиндагии мустақилона омода созанд, ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят кунанд.
Сарвари давлат идома доданд, ки илму дониш ва касбу ҳунар фарзандро дар зиндагии ояндааш эътибору обрӯ бахшида, боиси ҳурмату эҳтироми падару модар ва ташаккули ҷомеаи солим мегардад ва фарзанди ботарбияву баодоб ва донишманду оқил боғи падару модар, яъне номбардори онҳо ва миллати тоҷик мешавад. Маҳз барои ҳамин, ғамхорӣ нисбат ба мактабу маориф ва илму фарҳанг дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
«Ҳадафи мо аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ва ташкили озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» низ ҳарчи бештар ба илмомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар ҷалб кардани наврасону ҷавонон, инчунин аз хурофоту ҷаҳолат эмин нигоҳ доштани онҳо мебошад», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё ва миллати фарҳангиву тамаддунсоз мебошанд. Мо ворисони фарҳангу тамаддуни бостонии ориёӣ вазифадорем наслҳое ба камол расонем, ки сазовору номбардори миллати куҳанбунёди худ бошанд.
АКС аз бойгонӣ








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд






