Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад

Март 21, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо иштироки зиёда аз 200 ҷавон аз 30 давлати ҷаҳон оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» то 26 март дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида,  ҳадафи он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Ҳадафи чорабинӣ муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон дар асоси арзишҳои умумии сулҳ, дӯстӣ, гуногунии фарҳангӣ ва рушди устувор, дастгирии муколамаи фарҳангӣ ва мубодилаи афкор байни ҷавонони давлатҳои гуногун, тарғиби мероси фарҳангии Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва умед, эҷоди платформа барои ташаббусҳои ҷавонон, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир нигаронида шудаанд, мебошад.

Дар доираи фестивал Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти сарони давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод гардида буд, доир мегардад.

Фестивал дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти кор бо ҷавонон, намояндагони давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ифтитоҳ мегардад.

Дар доираи фестивал баргузории барномаи фарҳангӣ, намоишҳои миллӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, фестивали гастрономӣ, панелҳои таълимӣ, форуму ҳамоиш, иқдоми сабзкорӣ, амалиёти ҳифзи муҳити зист, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили навъҳои анъанавӣ ва муосири варзиш, шинос намудан бо мавзеъҳои таърихӣ ва огоҳ шудан аз фарҳанги Наврӯз дар минтақа дар назар дошта шудааст.

Бояд иброз намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ мебошанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид