Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон

Март 26, 2026 16:32

ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муҳокимаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Узбекистон сипас дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Гуфтушунидҳои расмии ду ҷониб бо суханони табрикӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки барои ҳарду кишвари ҳамсоя арзиши волои таърихию фарҳангӣ дорад, оғоз ёфт.

Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод то ба 2 миллиард доллар расонда мешавад.

Зикр гардид, ки ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд. Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд.

Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади  шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир  арзёбӣ карда шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат  таъкид карданд, ки дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Узбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд.

Суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ таъкид гардид.

Аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноат карда шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ барои истифодаи васеи технологияҳои навин, дастовардҳои навтарини илму техникаи муосир ва ҳамчунин дастгирии олимону ташаббускорони ҷавон зарур дониста шуд.

Ба дарёфти роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам аз мавзӯъҳои муҳими музокирот буд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ,  ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд.

Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро «мураккаб» номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад.

Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон 26.03.2026

Март 26, 2026 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз