Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дод.
Баъди кушода шудани бинои нави сафорат Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барпо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе 19 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз тарафи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ ёфта буд.








Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз






