Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Индонезия аз 28 март бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ менамояд, изҳор доштааст вазири алоқа ва технологияҳои рақамии Индонезия Меутя Ҳафид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА хабар медиҳад.
«Ҳукумат қарор қабул намуд, ки аз 28 март дастрасии кӯдакони то 16-сола ба платформаҳои рақамии дорои хавфи баланд, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои мубодилаи паёмҳо манъ карда шавад», — изҳор дошт вазир.
Ба иттилои Меутя Ҳафид, дар марҳилаи аввал ҳисоби корбарии кӯдакони то 16-сола дар чунин платформаҳо, ба мисли YouTube, TikTok, X, Bigo Live, Roblox, Instagram, Threads ва дигар шабакаҳо тадриҷан ғайрифаъол карда мешавад.
Тавре вазир таъкид намуд, чунин иқдом посух ба вазъияте мебошад, ки онро «ҳолати фавқулодаи рақамӣ» арзёбӣ мекунанд.
Пештар мақомоти якчанд кишвар, аз ҷумла Фаронса, Словения, Британияи Кабир, Финландия, Португалия ва дигар давлатҳо низ ҷонибдориашонро барои маҳдуд ё пурра манъ намудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ноболиғон изҳор карда буданд.
Австралия аввалин кишвари ҷаҳон буд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ намуд.
АКС аз бойгонӣ








Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд






