Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд

Март 9, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия, ки синнашон аз 16 боло аст, уҳдадор карда мешаванд синни худро тавассути ворид намудани рамзи махсус ба телефони мобилӣ тасдиқ намоянд. Дар ин хусус вазири адлияи Туркия Акин Гюрлек хабар дод.

Тавре АЗЕРТАДЖ иттилоъ медиҳад, роҳбари Вазорати адлияи Туркия таъкид  намуд, ки корҳои татбиқи низоми рамзҳои тасдиқи синну сол идома доранд.

Ба иттилои ӯ, дар ояндаи наздик дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон маҳдуд карда мешавад.

Ҳамзамон вазири адлия аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Туркия хабар дод, ки ба фаъолияти ютуберҳо ва инфлюенсерҳо марбут мебошанд. Онҳо кӯдаконро ба зӯроварӣ, бетарафии гендерӣ ва тамоюлҳои девиантӣ (яъне аз меъёр берун) таҳрик медиҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 9, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд