Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид

Март 5, 2026 15:21

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими қадршиносии беҳтаринҳо ва ташкилоти ҳамкор дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Чорабинӣ бо намоиши навори кӯтоҳи телевизионии «Душанбе — шаҳри ҷавонӣ ва дастовардҳои варзишгарон» оғоз гардида, дар қисмати расмии он меҳмонон фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Иброз гардид, ки давоми соли 2025 дар пойтахт якчанд чорабинии муҳиму таъсирбахш барои дастгирии ҷавонон, рушди илмҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш баргузор гардида, ҷавонону варзишгарони пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар идома барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш як зумра нафарони фаъол ва ташкилоти ҳамкор бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои рамзӣ қадршиносӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 5, 2026 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад