Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри Куксарой дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Бо амр ва иҷозати Роҳбарони давлатҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 иншоот дар Тоҷикистон, аз қабили васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед (Shox Med) дар шаҳри Душанбе, таъсиси кластери нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли мебел ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд асос гузошта шуд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти муштарак, аз ҷумла лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, “Душанбе” номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Тошканди нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервашуда дар Ҷумҳурии Узбекистон иҷозат доданд.
Дар маҷмуъ дар маросими маҷозӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки ин лоиҳаҳо ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.








Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр






