«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд

Март 5, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи модар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Модар — сарчашмаи меҳру муҳаббат» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинии тантанавӣ занон-модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ дар маҷмуъ намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа аз ҳисоби занон иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон расонид.

Тавре таъкид гардид, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳӣ барои фарзанд мебошад. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву неруи тавонои офарандагии зан — модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.

Иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки модарону хоҳарон ҳамчун сокинони фаъоли пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр нақши беандоза доранд.

Дар фарҷом барои болидаруҳии иштирокдорон дастагули суруду таронаҳои дилошӯб дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 5, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад