МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалат, дастгириву қадрдонии зан-модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо иброз дошт, ки «воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаю шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба зан-модар мебошад. Зеро нақши занон дар ободии хонадон, тарбия намудану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу ахлоқ, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ беназир аст».
«Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, «мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем»,- афзуд раиси ноҳия.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону духтарон фароҳам гардида, занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.
Сипас барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони варзида пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур










ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






