Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои охир саҳми занони тоҷик дар рушди илм ва ихтироъкорӣ назаррас гардида, онҳо бо дастовардҳои арзанда дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Яке аз чунин чеҳраҳои муваффақ — номзади илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи рентгенология ва радиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон докторанти Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Мунфиза Сайфиддинзода мебошад, ки то имрӯз дар соҳаи тиб 6 ихтироъ анҷом дода, 2 пешниҳоди ратсионализаторӣ намудааст. Мунфиза Сайфиддинзода соли 2025 барои таҳияи усули нави нарми шуоътабобатии саратони пӯст бо медали тиллои Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор — «KIWIE 2025» сарфароз гардидаст. Ҳоло дар самти онкорадиология таҳқиқот мебарад.
АМИТ «Ховар»: Ихтироъ кардан кори басо сангин ва заҳматталаб аст, хусусан барои занон, ки асосан ташвишҳои зиёди оиларо ба уҳда доранд. Чӣ тавр ва бо кадом сабаб ба ин соҳа рӯ овардед?
Мунфиза Сайфиддинзода: Таваҷҷуҳи ман ба фаъолияти ихтироъкорӣ аз таҷрибаи ҳаррӯзаи кориам дар соҳаи тиб сарчашма мегирад. Вақте табиб бо мушкилоти воқеии беморон рӯ ба рӯ мешавад, табиист, ки дар андешаи дарёфти роҳҳои муассиртар ва бехатари табобат қарор мегирад. Сабаби асосоии ба ихтироъкорӣ рӯ овардани ман- ин сабук намудани дарди бемор буд. Дар таҷрибаи корӣ бо мурури замон эҳсос кардам, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо танҳо истифодаи таҷрибаи мавҷуда кофӣ нест, балки бояд бо такя ба таҳқиқоти илмӣ ва навоварӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошт. Аз ҳамин ҷо фаъолияти ихтироъкорӣ барои ман ҳамчун идомаи мантиқии кори табибӣ оғоз гардид. Роҳе, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, хизмат ба саломатии инсон аст.
АМИТ «Ховар»: Аввалин ихтирои шумо чӣ буд ва чӣ гуна дар фикратон омад, ки бояд дар он самт ихтироъ анҷом диҳед?
Мунфиза Сайфиддинзода: Аввалин ихтирои ман соли 2011 ҳамроҳ бо устодонам Фирӯза Каримова ва Саида Умарова бо номи «Тарзи табобати иммунии саратони гарданаки бачадон» (Патент №TJ 499) буд. Ин қадами нахустини ман дар роҳи фаъолияти ихтироъкорӣ буд ва барои ташаккули минбаъдаи фаъолияти илмиям нақши муҳим гузошт.
Дар ҷараёни фаъолият мушоҳида менамудем, ки саратони гарданаки бачадон яке аз бемориҳои паҳншуда байни занон буда, талаб менамояд, ки усулҳои муассиртар ва ҳамзамон камосебтар барои табобати он ҷорӣ карда шаванд. Бо назардошти рушди босуръати иммунотерапия дар ҷаҳон мо тасмим гирифтем, ки имконияти истифодаи иқтидори масунияти худи организмро дар мубориза бо омос таҳқиқ намоем. Маҳз аз ҳамон давра боварӣ ҳосил кардам, ки фаъолияти табибӣ ва таҳқиқоти илмӣ бояд бо ҳам тавҳам бошанд, зеро навоварӣ дар соҳаи тиб аз эҳтиёҷи воқеии бемор сар мезанад. Ҳамчунин соли 2022 ихтирои «Усули табобати шуоии саратони пӯст дар одамони куҳансоли аз 90 сола боло»- ро ба қайд гирифтам. Ҳадафи ин ихтироъ ба даст овардани самаранокии баланди муолиҷаи шуоӣ тавассути истифодаи усули нави табобати саратони пӯст дар беморони куҳансол мебошад.
АМИТ «Ховар»: Чаро маҳз ҳамин пешаро интихоб кардед?
Мунфиза Сайфиддинзода: Маълум аст, ки ҳар нафар аз хурдӣ ба касбе дил мебандад. Бо мурури замон барои интихоби он тасмими ниҳоӣ мегирад. Ман низ ҳангоми дар мактаби миёна хонданам орзу мекардам, ки духтур шавам. Модарам қисса мекунад, ки аз хурдӣ ба ҳама чиз диққат медодам ва кунҷкоб будам. Шояд ҳамин хислати кунҷкобиям буд, ки имрӯз ҳам мехоҳам чизҳои нав омӯзам, ихтирое анҷом диҳам. Бояд бигӯям, ки ҳангоми дар донишгоҳ таҳсил кардан бештар маълумот пайдо кардам, ки бо шарофати меҳнати содиқонаи олимону донишмандони соҳаи тиб ин соҳа то имрӯз рушд намудааст. Аз ин рӯ мехоҳам пайваста дар ҷустуҷӯ бошам ва роҳҳои нави табобати бемориеро пайдо намоям.
АМИТ «Ховар»: Барои як нафар зан – модари тоҷик ихтироъкор будан душвор нест?
Мунфиза Сайфиддинзода: Албатта, душвор аст. Вале агар инсон касби интихобнамудаашро аз сидқ дӯст дорад, душвории он дар назар наметобад. Зеро фикр мекунам дар ҳолати ба муваффақияти зиёд ноил гардидан аз касби интихобнамудаи худ ифтихор мекунӣ. Агар ирода, меҳнат ва муҳаббат ба касб вуҷуд дошта бошад, шахс дар касби интихобнамудааш муваффақ мешавад. Инсон дар танҳоӣ кори муваффақеро анҷом дода наметавонад. Аз ин рӯ ман ҳамеша саҳми устодони худ, бахусус доктори илмҳои тиб, профессор ва узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Дилшод Зикриёхоҷаевро дар дастовардҳои худ муҳим арзёбӣ мекунам. Инчунин дастгирии падару модар ва оилаам ба ман неру мебахшад ва имконият медиҳад, ки дар роҳи ихтироъкорӣ устувор бимонам.
АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо занон дар соҳаи илм ва ихтироъкорӣ бештар бо кадом мушкилӣ дучор мешаванд?
Мунфиза Сайфиддинзода: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳои солона ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳ менамоянд. Ин дастгирӣ ва эътибори расмӣ ба занон на танҳо ҳавасмандӣ мебахшад, балки онҳоро водор месозад, ки бо ҷасорат ва иродаи қавӣ дар илм ва ихтироъкорӣ фаъол бошанд. Ман фикр мекунам, ки дар мамлакат барои фаъолият дар тамоми самтҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Танҳо аз мо илм, дониш, малака, маҳорат ва кӯшиш талаб карда мешавад, то дар ҷустуҷӯ бошем ва дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузорем.
АМИТ «Ховар»: Ба занону духтароне, ки мехоҳанд ихтироъкор шаванд, чӣ маслиҳат медиҳед?
Мунфиза Сайфиддинзода: Дар аввал дониш омӯзанд, бо масъулият бошанд, ба корҳои дӯстдоштаашон машғул шаванд. Касбро танҳо барои кор кардану маблағ овардан интихоб накунанд. Агар инсон касбашро дӯст дорад, хоҳ-нохоҳ замоне муваффақ мегардад.
Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз мусоҳиб








Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






