Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

Март 19, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» 3-6 апрели соли 2026 баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз 3 то 6 апрели соли 2026 дар пойтахт ҳафтумин мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамасола дар мусобиқа варзишгарон аз якчанд кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷоизаҳои асосӣ байни ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои байналмилалӣ доир гардида, дар он беҳтарин паҳлавонон дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 19, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад