Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси Конуни тамаддуни ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ: дирӯз ва имрӯз» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарону форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Паëм ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шаванд. Ин ташаббус бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат барои эҳё, таҳқиқ ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.
Тамаддуни ориëӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ буда, дар ташаккули фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ, низоми иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии бисёр халқҳо нақши бунёдӣ бозидааст. Илмҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ собит менамоянд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад.
Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат ба он унсурҳои хосашро ворид кардааст.
Гуфта шуд, ки аз дидгоҳи илмӣ бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки тамаддуни ориёӣ яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии он барои таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳамкории илмӣ ва муколамаи фарҳангҳо аҳамияти махсус дорад. Омӯзиш ва муаррифии тамаддуни ориёӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аҳамияти калон дорад. Арзишҳо ва суннатҳои муштараки фарҳангӣ метавонанд заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории фарҳангиву илмӣ дар байни халқҳо гарданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






