«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд

Март 11, 2026 09:53

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Зимни он дар байни занону духтарони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамзамон дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи чорум гардиданд.

Дар байни дастаҳои касбӣ дастаи занонаи волейболи шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюм, дастаи вилояти Суғд ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ҷойи чорумро сазовор гардиданд.

Мусобиқа бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврал то 10 март дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 40 даста бо фарогирии 600 нафар занону духтарони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои духтаронаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Инчунин дастаҳое, ки дар ин мусобиқа иштироки фаъолона намуданд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 11, 2026 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад