РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд

Март 25, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иттифоқи рассомони Узбекистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Рангомезии Наврӯз» асарҳои рассомони муосири Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар намоиш зиёда аз 30 асари рассомон, аз ҷумла Фаррух Неъматзода, Далер Меҳтоҷов, Пайрав Гулов, Анваршо Сайфиддинов, Эркин Суюнов, Саодат Боронова ва Лутфия Ҳакимова ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Чорабинӣ ба муаррифии санъати муосири тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст