ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 март, сешанбе, 69-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 10, 2026 08:00

10 марти соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи «Помир» аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистону Қазоқистон бахшида шуда буд.

***

10 марти соли 2011 дар Покистон Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми барҷастааш дар таҳкими дӯстӣ ва густариши равобити судманди ду мамлакат ва ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ бо мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон сарфароз гардонид. Ҳамчунин Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни ӯ дар таҳкими дӯстӣ ва рушди муносиботи ҳамкории ду давлат бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

***

10 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии садсолагии матбуоти тоҷик иштирок карда, рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 тибқи номаи Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуданд.

***

10 марти соли 2018 байни Душанбею Тошканд оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ Созишнома ба имзо расид.

***

10 марти соли 2020 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе бузургтарин табақи суманак қомат афрохт.

***

10 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2022 бо қарори Шурои илмию таълимии Донишгоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Доктори фахрӣ»  супорида шуд.

***

10 марти соли 2023 дар Душанбе сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳамёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

10 МАРТ:

Рӯзи ғизошиносон.

***

Рӯзи байналмилалии занони судя

***

Дар Русия – Рӯзи бойгонӣ.

***

Дар  Озарбойҷон – Рӯзи театри миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 марти соли 1535 ҷазираҳои Галапагос кашф карда шуданд.

***

 10 марти соли 1806 Музеи Кремлии Москва таъсис ёфт.

***

10 марти соли 1910 дар Чин ғуломдорӣ манъ карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Рафоат Абдусаломова —соли 1939— наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Улфатмо Мамаданбарова — соли 1937 — сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Март 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш