ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 март, панҷшанбе, 71-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 12, 2026 08:00

12 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.

***

12 марти соли  2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои  таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.

***

12 марти соли 2010 дар пойтахти Қатар – Давҳа чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандаи тоҷик Аҷмал Амиров иштирок намуд.

***

12 марти соли 2020 дар Самарқанд ҳайатҳои панҷ мақомоти сарҳадии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар ҷаласаи  Шурои фармондеҳони қӯшунҳои  сарҳадӣ  иштирок намуданд.

***

12 марти соли 2021 дар Душанбе доир ба ислоҳоти низоми рушди Созмони Милали Муттаҳид  муколама доир гардид.

***

12 марти соли 2022 дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа иқтидори кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

***

12 марти соли 2023 роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо сарварони ширкатҳои сайёҳии Миср мулоқот намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

***

12 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Боғи миллии «Ала Арча» ташриф оварданд.

12 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии хӯроки мактабӣ

***

Рӯзи ҷаҳонии гурда

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо киберсензура.

***

Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.

РӮЙДОДҲО:

12 марти соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

12 марти соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.

***

12 марти соли 1999  Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ  (НАТО) дохил шуданд.

***

Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Салими Хатлонӣ— соли 1960 — шоир, доктори илмҳои филология

***

Шариф Раҳимзода— соли 1959 — ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон

 

Март 12, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш