ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 март, чоршанбе, 77-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2010 Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафта, бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқот намуд.
***
18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба имзо расид.
***
18 марти соли 2011 дар шаҳри Москва таҳти унвони «20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо» Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
18 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар ҷараёни машварат байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обию энергетикӣ, байнисарҳадӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ карда шуд.
***
18 марти соли 2017 ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврӯзи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд давлати ҳавзаи фарҳангии Наврӯз номаҳои табрикӣ ирсол намуданд.
***
18 марти соли 2020 дар «Кохи Борбад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқот намуданд.
***
18 марти соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид.
***
18 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд. Кодекси манзил, қонунҳо «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук» аз ин ҷумла буданд.
***
18 марти соли 2023 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» иқтидори сайёҳиашро муаррифӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
18 МАРТ:
Дар Русия – Рӯзи полиси андоз.
***
Дар Беларус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ.
РӮЙДОДҲО:
18 марти соли 1813 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгоҳи истеҳсолкунии гази ангишт ихтироъ карда шуд.
***
Соли 1900 клуби футболи «Аякс»-и Голландия таъсис дода шуд.
***
18 марти соли 1946 Бонки ҷаҳонӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1947 Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Шарқи дур таъсис дода шуд.
***
18 марти соли 1988 дар Африкаи Ҷанубӣ калонтарин нон, ки вазнаш 1,4 тонна буд, пухта шуд.
***
18 марти соли 1991 дар Русия қонун «Дар бораи милитсия» қабул карда шуд.
***
18 марти соли 1997 хурдтарин клавиатураи компютер сохта шуд, ки 7,62 х 3,048 см ҳаҷм дошт.
***
18 марти соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ декларатсияи муштарак ба имзо расониданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Шамсиддин Орумбеков — соли 1956 — Корманди шоистаи Тоҷикистон.
***
Олим Бобоев — соли 1958 — сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 март, сешанбе, 76-умин рӯзи соли 2026 аст






