ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 март, панҷшанбе, 78-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 19, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва  пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромадро тасдиқ намуд.

***

19 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Москва суханронӣ намуданд.

***

19 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро ба имзо расониданд.

***

19 марти соли 2014 дар маркази шаҳри Душанбе боғи нав- Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми аввалини Тоҷикистону Ҷопон оид ба илм, технология ва навоварӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

19 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Инчунин дар ин рӯз иншооти фароғатии «Дунёи афсона» ва Майдони варзишии «Душанбе Арена» ва дигар иншооти гуногуни пойтахт мавриди истифода қарор гирифтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

***

19 марти соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.

***

19 марти соли 2020 бахшида ба Ҷашни байналмилии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ бо доираи васеи паҳлавонони маъруфи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 500 паҳлавон байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон рақобат намуданд.

***

19 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзуи «Татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои марбут ба оби Рӯзномаи 2030» дар шакли маҷозӣ суханронӣ намуданд.

***

19 марти соли 2022 бо ибтикори намояндагиҳои доимии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз барномаи бошукуҳи идона доир гардид.

***

19 марти соли 2023 байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд созишнома ба имзо расид.

19 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии «Барои ман хон!».

***

 Рӯзи байналмилалии мизоҷ.

***

Дар Финландия – Рӯзи баробарҳуқуқӣ.

РӮЙДОДҲО:

19 марти соли 1474 дар Венетсия аввалин қонуни ҳуқуқи муаллиф дар ҷаҳон қабул карда шуд.

***

19 марти соли 1899 дар Русия аввалин истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» кушода шуд.

***

Соли 1953 аввалин маротиба дар телевизион маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» намоиш дода шуд.

***

Соли 1958 дар Страсбург аввалин ҷаласаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шодибек Сатторӣ — соли 1947 -шоир

***

Иззатулло Ғаниев — соли 1948 — кимиёшинос, профессор, Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001), Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO).

Март 19, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш