ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 март, шанбе, 80-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 21, 2026 08:00

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор дар Тоҷикистон -«Hyatt Regency» ба истифода дода шуд.

***

21 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIII Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

21 марти соли 2013  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Қосим Жомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифтанд.

***

21 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.

***

 21 марти соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид.

***

21 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин — Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.

***

21 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

21 марти соли 2023 таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе-2023» дар пойтахт фестивали байналмилалӣ баргузор шуд.

21 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии Наврӯз.

***

Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

***

Рӯзи байналмилалии Замин

***

Рӯзи байналмилалии назм.

***

Рӯзи байналмилалии ҷангал.

***

Рӯзи байналмилалии синдроми Дауна

***

Рӯзи байналмилалии лӯхтакбозон

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ- Рӯзи ҳуқуқи инсон.

РӮЙДОДҲО:

21 марти соли 1857 дар натиҷаи заминларза ва сӯхтор дар Токио зиёда аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

21 марти соли 1919 Ҷумҳурии Венгрия соҳибистиқлол гардид.

***

Соли 1927 дар Киев аввалин шумораи рӯзномаи украинии «Литературная газета» нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 Намибия истиқлолият ба даст овард.

***

21 марти соли 1993 дар раъйпурсӣ дар Тотористон 61 фоизи аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фазлиддин Шаҳобов— соли 1911— мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи шашмақом ва оҳангсози тоҷик.  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Март 21, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш