ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 март, душанбе, 82-юмин рӯзи соли 2026 аст

Март 23, 2026 08:00

23 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию сабзазоркунии атроф даъват намуданд.

***

23 марти соли 2014 дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.

***

23 марти соли 2015 дар саҳни Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз 200 нафар зиёиёни эҷодкор аз тамоми гӯшаю канори мамлакат тантанаи бошукуҳи идона доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар паҳлуи Қасри фарҳангии  Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди истифода қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли  2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

23 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо фаъолону сокинон суҳбат намуданд.

***

23 марти соли 2021 ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо сафари корӣ ба Душанбе омад.

***

23 марти соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солномаи фаъолияти Сарвари давлатро дар соли 2021 — соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намуд.

23 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.

***

Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

***

Дар Боливия – Рӯзи баҳр.

РӮЙДОДҲО:

23 марти соли 1806 дар Англия ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд.

***

Соли 1837 дар Канада ба аҳолии сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1841 дар Лондон аввалин маротиба дар Аврупо озмоишгоҳи суратгирӣ кушода шуд.

***

23 марти соли 1876 лампочкаи электр патент карда шуд.

***

Соли 1891 аввалин маротиба дар дарвозаи футбол тӯр истифода намуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Ҳомид Яқубов-соли 1934 — доктори илмҳои химия

Март 23, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш