ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 март, панҷшанбе, 85-умин рӯзи соли 2026 аст
26 марти соли 2009 зимни сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон 5 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
***
26 марти соли 2010 муроҷиатномаи муштараки бизнес-ассотсиатсияи Тоҷикистон ба ташкилоти байналмилалӣ нашр карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.
***
26 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуда, дар фестивали кӯдакон иштирок намуд.
***
26 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кӯтоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд.
***
26 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи якчанд иншооти сохташаванда шинос шуданд.
***
26 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кушониён бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
***
26 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд.
26 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо эпилепсия
***
Рӯзи байналмилалии танҳоӣ
***
Дар Бангладеш – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
26 марти соли 1995 Созишномаи Шенген дар бораи содагардонии назорати шиноснома ва раводид дар сарҳадҳо дар Аврупо эътибор пайдо кард.
***
Соли 1996 Фонди байналмилалии асъор ба Русия 6,9 миллиард доллар қарз ҷудо намуд, ки дар таърихи фонди мазкур калонтарин қарз ба ҳисоб меравад.
***
26 марти соли 2006 шабакаи иҷтимоии Одноклассники ба кор даромад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 март, чоршанбе, 84-умин рӯзи соли 2026 аст






