ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 март, якшанбе, 88-умин рӯзи соли 2026 аст
29 марти соли 1929 Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд.
***
29 марти соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.
***
29 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвазири вақти мамлакат Оқил Оқилов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъйин гардидааст, тақдим намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи атмосфера»-ро баррасӣ намуд.
***
29 марти соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.
***
29 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
***
29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот намуданд.
***
29 марти соли 2022 дар Алмато музокироти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд.
***
29 марти соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мамнуъгоҳи миллии таърихию бадеии Гобустон фестивали «Оши палов» бахшида ба Иди Наврӯз баргузор шуд.
***
29 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
***
29 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
29 МАРТ:
Дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон.
***
Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия.
***
Дар Австрия — Рӯзи ҳамсоя.
РӮЙДОДҲО:
29 марти соли 1943 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои фурӯши гӯшт, равған ва панир меъёр муқаррар карда шуд.
***
29 марти соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд
***
29 марти соли 1974 дар Чин макони дафни ҳазорон муҷассамаҳои ҷанговарони чинӣ — Артиши Терракота пайдо шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 март, шанбе, 87-умин рӯзи соли 2026 аст






