ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, душанбе, 68-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 9, 2026 08:00

9 марти соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

***

9 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристоданд.

***

Дар ин рӯзи соли  2011 дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии даври интихобии Олимпиада – 2012- Тоҷикистон-Олмон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни сафари давлатӣ сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон ва консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок намуданд.

***

9 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

9 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср бо Осорхонаи миллии тамаддуни Миср шинос шуданд.

***

9 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мулоқот намуданд.

9 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии дидҷей.

***

Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

РӮЙДОДҲО:

Соли 1908 клуби футболи «Интернатсионал» (Милан) таъсис дода шуд.

***

9 марти соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Халқии Беларус эълон карда шуд.

***

9 марти соли 1933 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  стандарти тиллоӣ (тартиби пулӣ дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло) бекор карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нориниссо Бобоҷонова—  соли 1931 — арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Зубайдулло Шарифзода— соли 1951 — нависанда.

***

Марҳабо Юсуфова— соли 1940 — наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

 

Март 9, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш