Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26-27 март вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди «Гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ ва муқовимат ба зӯроварии гендерӣ», ки дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод доир шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ҳамоиш бо ташаббуси Маҷлиси Туркманистон, Форуми Осиёии байнипарлумонӣ оид рушди аҳолӣ, Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд баргузор гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва Мунаввар Абдусаломзода иштирок намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода вобаста ба мутобиқгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти баробарии гендерӣ доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва пешбурди рӯзномаи баробарии гендерӣ дар сатҳи мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон баромад намуд. Дастовардҳои назарраси мамлакат дар пешбурди муваффақонаи сиёсати гендерӣ, омори дақиқ, рӯнамоии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ба ҳозирин пешниҳод гашта, аз ҷониби коршиносони кишварии Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баҳои хуб гирифт.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






