«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зан-Модар — пайвандгари наслҳо» бо иштироки занону духтарони фаъоли пойтахт ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳӣ барои фарзанд аст. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳувияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву неруи тавонои офарандагии зан – модар бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободию субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор медиҳад. Раёсат барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагию кор барои занону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону духтарон ҳама тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки модарону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдоми созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгирию ҷонибдорӣ карда, дар амалӣ сохтани корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






