Ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ситоди даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» таҳти таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муассир доранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» давоми шаш соли охир ба платформаи муҳим дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушди тафаккури илмӣ табдил ёфтааст. Иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон, пажӯҳишгарон ва намояндагони гуногункасб гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба илм ва таҳқиқот мебошад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки барои такмили раванди баргузории озмун ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир номинатсияи нави «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ворид гардида, инчунин ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудаанд.
Инчунин санади меъёрии марбут ба тартиби қабули ғолибон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардидааст.
Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи Низомнома баргузор намудани даврҳои озмун супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






