«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМӢ». Дар Академияи миллии илмҳо татбиқи онро баррасӣ карданд

Апрель 23, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 71 нафар кормандони илмии муассисаҳои илмӣ– таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя менамоянд. Дар робита ба ин нафароне, ки дар ин сол ҳимоя мекунанд, аз ҷониби раёсати академия дастгирӣ меёбанд. Чунин иброз дошт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода 22 апрел зимни вохӯрӣ бо ҳайати кормандони академия.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба илму маориф ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои илмӣ–таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ диққати махсус равона гардидааст. Дар ин замина дар мамлакат «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардидааст.

Ин барнома бо мақсади баланд бардоштани қобилияти зеҳнию таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмию таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия карда шудааст.

Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардидааст. Дар он ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти давлатро таъмин менамоянд, низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккули дониш ва малакаи зарурӣ барои рушди устувор афзалият дода шудааст.

Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии тобеи вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.

Зимни вохӯрӣ ба кормандоне, ки то ҳол рисолаи номзадӣ ҳимоя накардаанд, аз ҷониби масъулин тавсияҳои мушаххас ва роҳнамоӣ барои суръат бахшидан ба раванди таҳия ва ҳимояи рисола пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва риояи муҳлатҳои муқарраргардида омили муҳими ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас маҳсуб мешавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад