БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иди Наврӯз ҳамчун ҷашни муҳими миллӣ дар Тоҷикистон бо анъанаҳои хоси минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки ҳар яке ҷолибият ва назокати хос дорад, истиқбол ва таҷлил мегардад. Аслан, баъзе ҷашнҳои пешазнаврӯзӣ заминаҳои хосе мебошанд, ки решаашон бевосита аз умқи ин ҷашн сарчашма мегирад. Ба таври умум, якчанд ҷашни пеш аз Наврӯз, ки вобаста ба фарҳанг ва анъанаҳои мардуми мо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ таҷлил мегарданд, низ дида мешавад.
— Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзро «Хидираём» ё «ҷашни бузург» меноманд ва ба истиқболи ин ҷашни аҷдодӣ миқдори зиёди расму ойинҳои хоси маҳаллӣ баргузор мегарданд. Ҳамаи ин ҷашнҳо ба як мақсад ва як ҳадаф равона шудаанд, яъне эҳтиром ба мероси аҷдодӣ ва нигоҳ доштани фарҳанги мардум.
Яке аз ҷашнҳои мардумӣ, ки ба пешвози таҷлили Наврӯз дар Бадахшон баргузор мегардад, ин боҷайём мебошад, ки онро муждарасони Наврӯз низ мегӯянд.
Дар истилоҳ калимаи «боҷ» ба маънои чизе, ки подшоҳони калон аз амирони зердаст ё аз раият мегирифтанд, яъне хироҷ, андоз, молиёт маънидод карда мешавад. Чун дар замонҳои пеш, аз ҳама маъмултарин ашёе, ки ҳамчун боҷ ситонида мешуд ва дар баробари он дорои арзиши баланд низ буд, ин гандум буд. Гандум дар дарбори шоҳон қиматтарин амвол баъд аз симу зар ва тилло буда, ҳолатҳое мавҷуд буданд, ки аз онҳо низ боарзиштар баҳо дода мешуд. Бинобар ин бо сабаби он ки дар давраҳои шоҳигариву аморат гандумро чун хироҷи муҳими давлатӣ пардохт мекарданд, боҷ дар баъзе забонҳо ва гӯишҳо аз маънои аслии худ кӯчида, ҳамчун гандум ба маънои маҷозӣ боқӣ мондааст.
Бояд гуфт, ки дар Бадахшон ғизоҳое, ки аз гандум тайёр карда мешаванд, дар иддае аз навоҳии минтақа «боҷ» ном дорад. Шояд истифодаи ин таркиб низ аз сарчашмаҳое об мехӯрад, ки хеле қадимӣ буда, реша дар таърих доранд ва ишора ба халқияте мекунанд, ки нахустин ва қиматтарин ғизояшон аз гандум омода мешуд.
Боҷайём, мутаассифона, то ба имрӯз танҳо дар байни як қисме аз халқи ин диёр, аз ҷумла водии Бартанг (он ҳам Бартанги боло) боқӣ мондааст. Дар ин хусус яке аз олимони тоҷик, фолклоршинос, профессор Нисор Шакармамадов чанд андешаашро гуфтааст ва инчунин пажуҳишгарони хориҷӣ низ ин ҷашнро хеле ҷолиб маънидод кардаанд. Масалан, яке аз онҳо Сузи Ава мебошад, ки роҷеъ ба расму русуми мардуми водии Бартанг таҳти унвони «Бартанг» китоб таълиф намудааст ва дар он ҷо Боҷайём низ иброз гардидааст. Бартангиён ҳанӯз ҳам «боҷайём»-ро ба таври хосса ҷашн мегиранд.
Мувофиқи андешаи калонсолон ва бовари мардум, Боҷайём дар ин водӣ сана ва таърихи муайян надошта, аз 6 то 14 феврал, дар ин миён ба кадом рӯзе, ки чоршанбе рост ояд, ҷашн гирифта мешавад. Инчунин мувофиқи ҳисоби маҳаллӣ ё мардумӣ (тариқи ин ҳисоб ҷашни Боҷайём бояд 7-8 феврал, ки Офтоб гӯё дар «қоқлинг» қоқии по ва ё аз 10-14 феврал офтоби сари зону қарор мегирад) таҷлил мегардад, на дертар аз он.
Оғози маросими ид аз поксозии чорхона (сақфи хона), чаҳор девор, чаҳор болор ва панҷ сутуни хона ибтидо мегирад, ки ин амалро «чӯдздерд» хонатозакунӣ меноманд. Пас аз тоза намудани хона кунҷҳои онро бо «бун» (орд) сафед мекунанд, ки он бар дӯши занон вогузор карда мешавад. Ин амал шаҳодати он аст, ки сиёҳӣ, яъне ғаму андӯҳ ва мушкилоти хона бо пошидани орд, яъне сафедӣ бояд аз хона дур гардад. Чунин шугун ҳамоно ба ғолибияти нур бар зулмот ва сафедӣ бар сиёҳӣ, ки дар аҷдодони мо давоми таърих ба он боварии комил доштанд, рабт дорад.
Ҷашнгирии иди Боҷ ду рӯзро фаро гирифта, ҳар маросим ё қисмати он маъно ва муҳтавои хоси худро дорад. Боҷ аз пухтани нони махсус, ки қумоч ном мебаранд, шуруъ мешавад. Пухтани қумоч ба таври маъмулӣ набуда, хамири расидаро на дар рӯи танӯр (радъон), балки лӯндаи хамирро ба пуррагӣ (завола накарда) дар дохили танӯри тафсон дароварда, болои санги ҳамвор, ки «қумочдон» ном дорад, мемонанд ва баъдан онро бо лахча мепӯшонанд. Оташи он бояд аз ҳезуми настаран (ахар) омода шавад, ки боиси хуб ва бо сифат пухтани қумоч мегардад.
Маросими «ризқат рӯзӣ бахчег» (тақсими ризқу рӯзӣ)
Маросими дигари ин ҷашн бегоҳирӯзӣ, гоҳо пеш аз ғуруб ва гоҳе пас аз ғуруби Офтоб (вабаста ба соатҳои саъду наҳси рӯз) оғоз мегардад, ки онро «ризқат рӯзӣ бахчег» (тақсими ризқу рӯзӣ) ном мебаранд. Ба ибораи дигар, онро «диграбайг», яъне дегмонӣ низ ном мебаранд.
Ин равишро одатан калони хонадон иҷро мекунад. Ӯ ғалтакчӯбро дар болои деге, ки дар он боҷ пухта мешавад, мемонад. Баъдан аз дохили дег бо як кафи даст гандумро гирифта, аввал номи Бобои деҳқонро ба забон мегирад ва донаҳоро оҳиста-оҳиста аз болои ғалтакчӯб мерезад. Ҳамин тариқ, бо навбат номи аҳли хонаводаро ба забон мегирад. Миқдори кам ё беш истодани донаи гандум дар болои ғалтакчӯб ба бовари халқ, ифодагари ризқу рӯзии шахси номбурда дар рӯзгордории соли нав, ки оғозаш аз Наврӯз аст, ифода мегардад.
Маросими «Парчуминҷевд»
Пас аз он ки маросими «Ризқат рӯзӣ бахчег» ба анҷом мерасад, аллакай дег монда мешавад ва аз он замоне, ки оташ дар таги дег афрӯхта шуд, маросими «Парчуминҷевд» оғоз мегардад. «Парчумт» ё «парчемт» калимаи тоҷикӣ- форсии қадим буда, маънои иҳота кардан ва ё дар муҳосира қарор доштанро ифода мекунад. Вале он дар маросими Боҷайём мазмуни маҳкам ё баста шуданро мегирад. Яъне аъзои хонавода ҳангоми оғози ин маросим дарҳояшонро бар рӯи ҳамагон мебанданд. Вале ин таркиб эҳтимоли ифода кардани парчам, ливоро низ дорад. Зеро мувофиқи ҳисоби маҳаллӣ ҳамин шабу рӯз охирин лаҳзаҳои зимистони қаҳратун дар кӯҳистон аст ва пас аз доир шудани Боҷайём аллакай тамоюли табиат ба гармӣ бештар мегардад. Ин боис мешавад, ки мардум парчами бедории табиат ва Наврӯзро баланд кунанд. Яъне маросими «Парчуминҷевд» қаробати зиёде ба ин ақида низ дорад. Аз муҳосираи зимистон баромадан ё падруд гуфтан ба хунукӣ.
Пухтани таоме, ки бо «парчуминҷевд» оғоз мешавад ва бо номи Боҷ байни мардум машҳур аст, аз аввали шаб то дамидани субҳ идома меёбад. Ин таом аслан аз донаи гандум, чаҳор андоми чорво (руҷуъ ба 4 унсури табиат) ва об омода мешавад. Ҳангоми омода кардани таом шахси боҷпаз бояд шабзиндадорӣ карда, дар баробари он аз чӯб юғу сипорчаи майдаякеро дар тӯли он шаб омода сохта, онро дар равзанаи хона меовезад. Рамзи ин амал, яъне сохтани юғу сипорча, ки олоти меҳнати деҳқон аст, аввалан огоҳонидани мардуми деҳқон, барои омода гаштан ба кишту кори баҳорӣ мебошад ва дуюм бояд марди таомпазро (боҷпаз) то субҳ хоб набарад, дар баробари ин ҳунармандӣ ва садоқати мардум ба оини ниёгонашон, яъне барвақт пешвоз гирифтани рӯзи Боҷайёмро низ нишон медиҳад.
Сипас, ҳангоми дамидани субҳ яке аз аҳли хона баромада, аз оғил барра ё бузғоларо гирифта, вориди хона мешавад ва ҷумлаи «Шогун баҳор муборак»-ро ба забон меорад. Дар ҷавобаш «Барои шумо муборак» -гӯён бо орд (бун) китфи рости ӯ ва сари баррачаро сафед мекунанд, (ин амалро «путукдъед» мегӯянд). Путукдъед, ки бо орд, яъне бо сафедӣ амалӣ мешавад, ранги сафед (некӣ) ифодагари пирӯзи бар сиёҳӣ (бадӣ) аст, то пойи қадами нафаре, ки «парчум»-ро мекушояд, ба хонадон некӣ ва бахти сафед биёрад. Пас аз ин маросими «парчуминҷевд» хотима ёфта, воридшавӣ ба хонаҳо барои дигарон иҷозат дода мешавад.
Маросими Боҷсалом
Боҷсалом низ яке аз бахшҳои ҷашни Боҷайём аст. Дар боҷсалом ҳар касе, ки хоҳад, аз нафари дигар ягон чизи муҳимро талаб кунад, дар табақ боҷи дар хонаи худ пухтагиро гирифта ба хонаи ӯ меравад. Ин рафтори ӯро соҳибхона зуд пай мебарад ва ашёи хостаашро мепурсад. Мувофиқи ақидаи куҳансолон, дар замонҳои пеш дар ин маросим лаҳзаҳое шудаанд, ки агар ҷавоне ошиқи духтаре шуда бошаду барои издивоҷи онҳо волидайн ризоят надода бошанд, нафари талабгор дубора маҳз дар маросими Боҷсалом ба хостгорӣ меомадааст. Дар чунин лаҳза ба хотири ин ҷашн соҳибхона наметавонист аз дархости хостгор рӯ гардонад. Вале имрӯзҳо ин анъана аз байн рафтааст, танҳо ягон ашёи табъи дил, пул ё бузу гӯсфанд дархост карда мешавад.
Бад-ин минвол, аз ин рӯзҳо сар карда то иди Наврӯз одамон ҳангоми рафтан ба хонаҳои якдигар гоҳо ба ҷойи салом ва гоҳе баъд аз салом «шогун баҳор муборак» гуфта, дар ҷавобашон «барои шумо ҳам муборак» мешунаванд. (Шогун ё шугун калимаи «шугун»-и форсӣ-тоҷикӣ буда, маънояш фоли нек, муборак шумурдани чизе ё корест). Ин таркибҳо табрикоти мардум ба хотири пешвози ҷашни бузург- «Наврӯз» буда, барои ҳамдигар дар баҳори нав ҳаёти осуда ва рӯзгори некро таманно мекунанд.
Дар водии Бартанг ва умуман дар Бадахшон таомеро, ки аз донаи гандум ё нахуд (баъзе маврид бо каллаву почаи чорво) омода мекунанд, низ «боҷ» меноманд. Ба ин таом сабзӣ, пиёз ва дигар намуди алафи хушбӯ ва хуштаъмкунандаро илова намуда, мепазанд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ низ мардум чунин ғизоро дар ҷашни Наврӯз тайёр мекунанд, ки он «далда» ном дорад. Он низ аз гандум ва каллаву почаи бузу гӯсфанд ва дигар маҳсулоти полезӣ тайёр карда мешавад. Вале таоме, ки дар «Боҷайём» омода мешавад, бояд аз донаи холиси гандум ва гӯшт иборат бошад, баръакси ҳол он муҳтавои аслии худро гум мекунад. Хуллас, бо чунин анъанаҳо ва маросим Боҷайём дар байни ин мардум аз умқи таърих ҳифз шуда, то ба имрӯз омада расидааст, ки аз қадимӣ ва бостонӣ будани ҷашнҳои гуногуни мамлакати мо дарак медиҳанд.
Боҷайёмро мардуми водии Бартанг башорат аз фасли баҳор ва Наврӯз мешуморанд. Билохира, аз рӯзи баргузории Боҷайём шуруъ карда, халқ бесаброна дар интизори омадани Наврӯз ба сар мебаранд. Ба ибораи дигар, Боҷайём башорат ва пайке аз омадани Наврӯз аст, ки мардумро барои тайёрӣ ба ин иди бузурги ниёгонамон даъват менамояд.
Гулҳаё МАДИМАРОВА,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз муаллиф








Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст






