Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маъдан ва кӯҳкорӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Апрель 27, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии таъсиси  ин донишгоҳ таҳти унвони «Рушди соҳаҳои маъдан ва кӯҳкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд, зимни конференсия иштирокчиён доир ба ба рушди соҳаи маъдану кӯҳкорӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти «сабз», дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф ва саноатикунонии босуръати мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки  дар шароити муосир омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат муҳим мебошад. Аз ҷумла, дар  соҳаи кӯҳкорию маъдан, энергетика ва технологияҳои мошинсозӣ, зеҳни сунъӣ  хеле зарур аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 4 факултет бо фарогирии 16 кафедра фаъолият намуда, аз рӯи 38 ихтисос мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода месозад.

Дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва унвондор бошад, донишкада бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 48 донишгоҳи олии дохилию хориҷӣ ҳамкории судманд дорад.

Дар қисмати пленарии конференсия намояндагони донишгоҳҳои Норвегия, Қазоқистон, Ироқ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ба тариқи онлайн маъруза намуданд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Апрель 27, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд