Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд

Апрель 30, 2026 11:28

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Боғи Ирам таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои қадимии косибӣ, дастгирии устоҳои ҳунарманд ва тарбияи шогирдони болаёқат мебошад.

Иштирокчиён маҳсули дасташонро ба намоиш гузошта, маҳорату малакаи худро дар соҳаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дӯзандагӣ муаррифӣ карданд. Ҳайати ҳакамон ба сатҳи иҷро, навоварӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ баҳо дода, беҳтарин усто ва шогирдро муайян намуданд.

Баргузории чунин фестивалу озмунҳо ба ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои суннатӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 30, 2026 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад