Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дорои шуъбаю марказ ва бахшҳои мухталиф аст. Дар китобхона шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир фаъолият менамояд, ки беш аз 2000 дастнавис дорад. Чунин иттилоъ дод 7 апрел Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода дар вохӯрӣ ба намояндагони Донишгоҳи Оксфорд профессор Эдмунд Ҳерзиг, доктор Фарнияз Закир ва хонум Ани Бет-Мовсес.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона чун яке аз бойтарин ганҷинаҳои илмӣ-маънавӣ ва фарҳангӣ–мадании мамлакат шинохта мешавад. Ҳар дастнавис, китобҳои чопи сангию муосир, инчунин рӯзномаю маҷаллаҳо дорои таърихи хос буда, дар ташаккули ҳувият ва фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Китобхона бо аксар мамлакатҳои Аврупо ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина барои дастрас намудани ҳарчи бештари дастхатҳо ва китобҳои нодир ҳамкориро бо китобхонаю донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон густариш медиҳад.
Дар китобхона шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият менамояд, ки дар он адабиёт бо беш аз 60 забон ҷойгир карда шудааст. Инчунин дар ин шуъба гӯшаи китобҳои 19 давлати ҷаҳон ҷамъоварӣ гардидааст.
Намояндагони Донишгоҳи Оксфорд бо шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ ва дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона шинос шуда, Осорхонаи китобҳои нодири муассисаро тамошо карданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






