Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид

Апрель 16, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба  зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пеш аз оғози ҳамоиш  дар назди пайкараи Устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта шуд.

Иброз гардид, ки Устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар бунёду эҳё ва таҳкими забони модарӣ ва суннатҳои миллии тоҷикӣ нақши мондагор дорад. Зиндагӣ ва корномаи Устод Айнӣ нишони он аст, ки ҳастии як миллатро на фақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланд низ метавонад дар баробари силоҳ нигаҳдор ва пуштбони ҳувияти як халқ бошад.

Садриддин Айнӣ бо эҷодиёташ на танҳо адабиёти тоҷикро пойдор намуд, балки ба мо меъёрҳои баланди маънавӣ ва худшиносии миллиро мерос гузошт. Аз ин рӯ, гиромидошти шахсият ва осори ӯ вазифаи ҳар сокини мамлакат мебошад.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба фаъолияти пурсамари Устод Айнӣ ва саҳми ӯ дар рушди забони адабии тоҷикӣ маъруза намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз нусхаҳои «Куллиёт»-и Устод Садриддин Айнӣ, ки аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расидааст, рӯнамоӣ гардиданд. Куллиёти тозанашр барои таҳқиқу омӯзиши амиқтари мероси устод заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Апрель 16, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст