Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамои соли 2026 дар ноҳияи Мастчоҳ кишти зироати баҳорӣ дар 19 ҳазору 631 гектар ба нақша гирифта шуда, аз ин миқдор 12 ҳазору 430 гектари он ба кишти пунбадона рост меояд. Ҳоло кишти пунбадона дар ҳама ҷамоатҳои ноҳия идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Ҳамзамон соли равон кишти пунбадона дар зери плёнка дар зиёда аз 3 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин усули кишт сол ба сол афзоиш меёбад. Ин омил ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин арзёбӣ мегардад.
Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»-и деҳоти Навбаҳор масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 59 гектарро ташкил дода, дар зиёда аз 40 гектари он пунбадона кишт карда шудааст. Дар заминҳои боқимонда зироати полезӣ, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда мешавад.
Инчунин дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳамин» дар зиёда аз 9 гектар пунбадонаи навъи элита кишт карда шуда, корҳои агротехникӣ тибқи талабот гузаронида мешаванд.
Бо назардошти иқтидори аграрии ноҳия ва татбиқи технологияҳои пешрафта интизор меравад, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ имсол низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хоми кишоварзӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






