Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз бузургтарин ҷашни миллӣ ва бостонии тоҷикон мебошад, бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои он ботантана таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоб хабар доданд.
Иштирокдоронро раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз табрик намуда, доир ба анъанаю суннатҳои наврӯзӣ ва ҷойгоҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар таҳкими дӯстиву рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқу миллатҳое, ки дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз кору зиндагӣ менамоянд, сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки ҷашни бостонии Наврӯз-рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пайванди наслҳо бо арзишҳои асили миллӣ мебошад. Ин ҷашни бостонӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо талошу ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сатҳи баландтарини сиёсиву фарҳангӣ расида, ҳамчун нишони ваҳдату худшиносии миллӣ муаррифӣ гардид. Наврӯз ҳамчун василаи таҳкими сулҳу субот ва густариши ҳамбастагӣ эътироф шудааст.
Таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Наврӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, ки имрӯз онро дар бисёр кишварҳои дунё таҷлил мекунанд. Ба феҳристи мероси фарҳангии башарият ворид шудани Наврӯз, мақому манзалати миллати тоҷикро дар ҷаҳон боло бурд.
Имрӯз ҳар як фарди ватандӯст бо ифтихор эҳсос мекунад, ки Наврӯз зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Ин ҷашн моро ба ободкорӣ, созандагӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ҳидоят мекунад.
Наврӯз ҷашнест, ки аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳоикишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯзмужда медиҳад. Ин аст, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддиифарҳанги башарият дохил карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.
Бо ибтикори Пешвои миллат ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, дар саросари ҷаҳон бо шаҳомат таҷлилмегардад.
Хусусан таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷаллии тозапайдо намуд ва тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси бостонииниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолуваҳдат бо шукргузорӣ аз имрӯзу фардо таҷлил менамоянд.
Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед бо иштирокдорони базми наврӯзӣ аз гӯшаю хони наврӯзи, ки дар саҳни бинои Палатаи ҳисоб ороста ва ба намоиш гузошта шуда буданд, хусусан суфраҳои наврӯзӣ, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, заргарӣ, либосҳои бо бренди миллӣ, таомҳои гуногуни тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, асбоби мусиқӣ тамошо намуданд.
Санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи ҷолиби консертии идонаро пешкаши иштирокдорони базми наврӯзӣ намуданд, ки он ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.
Таҷлили бошукӯҳи тантанаҳои наврӯзӣ дар мақомоти Олии аудити кишвар гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ, хусусан ҷашни ҷаҳонии Наврӯз арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамояд, зеро тамоми ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ буда, метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастию худшиносӣ ҳидоят намоянд.
Ҷашни Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон эҳёи табиат, рӯзи нав, фараҳу шодӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, худшиносию ваҳдат ва ҳамзистии қавму миллатҳои гуногуни сайёра арзёбӣ мегардад.
АКС: Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон














Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд






