ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд

Апрель 15, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони ҳамоиши ректорони донишгоҳҳои «сабз», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид, дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 50 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинониданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ин иқдом бо мақсади тақвияти дӯстию рафоқат, ҳамкории судманди ояндадор ва татбиқи яке аз ҳадафҳои рушди устувор- таъмини устувории муҳити зист, хусусан сарсабзу хуррам нигоҳ доштани сайёраи Замин амалӣ карда шуд.

Ин иқдом ба он рабт дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи нақшаи амал дар қаламрави мамлакат то соли 2040 бояд зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.

Мақсади асосии таҳия ва қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мубориза бо чангу ғубор, муътадилсозии иқлим, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист, коҳиши обшавии пиряхҳо ва ба «кишвраи сабз» табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд