Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба намунаи устувории сиёсӣ, амният ва ҳамзистии осоишта табдил ёфтааст. Таҷрибаи рушди шаҳр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳу субот омили калидӣ дар пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Маҳз дар натиҷаи таҳкими низоми идоракунӣ ва татбиқи сиёсати сулҳпарварона фазои орому устувор дар пойтахт таъмин гардид. Имрӯз Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ ва маъмурӣ ҷойгоҳи муҳими қабули қарорҳои стратегӣ мебошад. Душанбе имрӯз бо зебоӣ ва таровати худ дар байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф гардидааст.
Сиёсати ободонӣ ва сабзгардонӣ, ки солҳои охир амалӣ мегардад, ба он мусоидат намуд, ки пойтахт боз ҳам зеботар гардад. Нигоҳубини мунтазами боғҳо, шинонидани дарахтон ва гулҳо, инчунин тозагии муҳити шаҳр симои Душанберо дурахшон кардааст.
Имрӯз сокинон ва меҳмонон метавонанд дар боғҳои зебо сайру гашт намуда, аз ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреб лаззат баранд. Маҳз ҳамин муҳити сабзу хуррам аст, ки Душанберо ба яке аз шаҳрҳои дӯстдоштаи сайёҳон табдил додааст.
Солҳои охир гулгаштҳо ва хиёбонҳои пойтахти азизамон — Душанбе таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам ободу зебо гардида, ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони мамлакат табдил ёфтаанд.
Бунёди пайкараи Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, сохтмони Китобхонаи миллӣ, осорхонаҳо, театрҳо ва бунёди садҳо биноҳои баландошёна дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба шумор мераванд. Ин пешрафт симои пойтахтро куллан тағйир дода, ҷойгоҳи давлатамонро дар байни давлатҳои рӯ ба рушд мустаҳкам намудааст.
Имрӯз сокинон ва меҳмонон бо завқ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр сайру гашт мекунанд. Сайёҳони хориҷӣ низ ба зебоии пойтахт баҳои баланд дода, Душанбе-ро «шаҳри гулҳо» меноманд.
Рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон сабаб гардидааст, ки ҳамасола ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада, аз зебоиҳои пойтахти он баҳра баранд.
Дар қатори мавзеъҳои таърихию сайёҳии мамлакат шаҳри Душанбе имрӯз ба макони дилбанду тамошобоб табдил ёфтааст. Бо ташаббусҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи сайёҳӣ пойтахт ба маркази муҳими рушди иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубаддал гардидааст.
Инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр пайваста такмил ёфта, имконияти нав барои ҷалби сайёҳон ва рушди соҳа фароҳам оварда мешавад. Таъсиси ҷойи нави кор ва рушди корхонаҳои хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки меҳмонон аз гӯшаву канори ҷаҳон барои тамошои ҷозибаҳои таърихию фарҳангии шаҳр ба инҷо оянд.
Бо назардошти имконият ва дастовардҳои назаррас шаҳри Душанбе солҳои 2020–2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ эътироф гардида, инчунин соли 2021 ба ҳайси «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» пазируфта шуд.
Ин иқдом ва эътирофҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Шаҳр дар самти таҳким ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, фарҳанг ва иқтисод, инчунин ҷалби сайёҳон ва густариши равобити фарҳангии байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Фарида ҚУРБОНЗОДА,
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад






