ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт, ки ба шанбеи сеюми моҳи апрел рост меояд, таҷлил мегардад. Симои ин шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди мо, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тамом тағйир ёфт ва имрӯзҳо ҳар рӯзу соат зеботару дилработар мешавад. Бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт давоми 9 соли охир ба миқдори 2,2 миллион бех дарахту буттаҳо ва 132 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуда, дар 2,5 миллион метри мураббаъ майсазору чаманзор ташкил карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, солҳои 2017-2025 дар шаҳр 76 боғу гулгашт бунёд ва навсозӣ гардид. Дар айни замон дар ҳудуди пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот ва Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» фаъолият менамоянд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир соли 2025 ба миқдори 51 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муайяни шаҳр шинонида шуданд.
Дар мавсими ниҳолшинонии соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 631 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 22 миллион адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар 200 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Инчунин бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар ҳудуди пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шуд.
Шинонидани дарахт, бунёди боғу сабзазоркунии муҳити зист дар баробари номи нек гузоштан ба фарзанд ва тарбияи он яке аз суннатҳои беҳтарини мардуми мо мебошад.
Ҳамин аст, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун нишони ҳамраъйии сокинони пойтахт ва бо мақсади боз ҳам сабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе борҳо аз ҳар оила- сокинони пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намоянд.
Ин пешниҳод давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мегардад.
Давоми солҳои охир тавассути фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти давлати мо ба яке аз шаҳрҳои дилрабою сабзи дунё табдил ёфтааст ва зебоии он ҳар сайёҳу шаҳрванди хориҷиро мафтун мегардонад.
Воқеан, мардуми тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик давоми садсолаҳо ба зироаткорӣ, боғдорӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои беҳтарини зироати кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ машғул шуда, ҳамеша барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саъю кӯшиш менамоянд. Ободкорию созандагӣ, зебою озода нигоҳ доштани шаҳру деҳоти мамлакат суннатҳои миллати қадимии моро тақвият мебахшанд.
Сабзазоркунии боғу гулгашт ва хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти давлати моро зебою дилрабо мегардонад, балки вазъи экологии шаҳрро дар ҳолати муътадил нигоҳ медорад. Дарахту буттаҳои сабз барои инсон муҳити мусоиди зист фароҳам оварда, шароити меҳнат ва истироҳати аҳолии шаҳрро беҳтар мегардонанд.
Бояд гуфт, ки ниҳолшинонию гулшинонӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.
Воқеан, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки дар назари аввал диққати ҳар бинандаро ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






