Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз гардид, ки дар он дар он зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 мамлакат ва 25 минтақаи ҷаҳон иштирок доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногун мебошад.
Дар вилояти Суғд бунёди даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ идома дошта, то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин иншоот ба таъсиси ҷойи нави кор, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» мусоидат мекунанд.
Вилояти Суғд бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят шаҳодати равшани имконияти фаровони он аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли аҳолӣ вилояти Суғд метавонад ба яке аз марказҳои пешрафтаи сайёҳии минтақа табдил ёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






