GREEN.DIGITAL.SMART. Донишгоҳҳои «сабз» заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин менамоянд

Апрель 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе таҳти унвони «Донишгоҳҳои оянда»: «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор» дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид, ба майдони фарохи мубодилаи афкор, таҷриба ва ташаббусҳои созанда табдил хоҳад ёфт. Чунин иброз намуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар маросими ифтитоҳи Саммити донишгоҳҳои «сабз», ки 15 апрел дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳию соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» роҳбарону намояндагони муассисаҳои олии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, олимону коршиносони марказҳои таҳлилию таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои бонуфуз аз қораи Аврупою Осиё иштирок намуданд.

Ҳадафи саммит баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои «сабз»-и кишварҳои ҷаҳон, хусусан табодули таҷриба, омӯзиши зарфияти илмҳои муосир дар самти рушди устувор, рақамӣ, ҳушманд ва омода намудани мутахассисони ҳирфаии соҳа буда, имкон медиҳад, ки роҳбарони донишгоҳҳои «сабз» дар ин самт робитаҳои илмию академиро тақвият диҳанд. Гуфта шуд, ки донишгоҳҳои «сабз» метавонанд заминаи устувори дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро таъмин намоянд ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор нақши муассир дошта бошанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъкид намуд, ки доир гардидани Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» дар Душанбе, ки солҳои охир ба маркази чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст, метавонад оғози марҳилаи нави тақвияти ҳамкории академӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар самтҳои иқтисоди «сабз» ва ҳушманду рақамӣ гардад. Инчунин ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои «сабз»-и кишварҳои ҷаҳон метавонад ба таҳкими иқтидори зеҳнии инсоният ва дарёфти таҷрибаҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ мусоидат намояд.

Тоҷикистон давоми беш аз ду даҳсолаи охир ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳифзу нигоҳдошти муҳити зист дар сайёра дар раванди тағйирёбии иқлим ва неъмати бебаҳо- об ва ҳифзи пиряхҳои сайёра даъват намуд. Дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чандин қатънома қабул гардид, ки дар асоси он дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе форумҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар онҳо роҳбарону намояндагони давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалию минтақавӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо маъруза намуда, пешниҳодҳои самаранок иброз намуданд. Ин далели он аст, ки Душанбе давоми даҳсолаҳои охир ба маркази тавлиди идеяҳои наву судманд ва ташаббусҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ба пешбурд ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода доир ба фаъолияти донишгоҳ ҳамчун яке аз донишгоҳҳои «сабз» дар Тоҷикистону ҷаҳон ва ҳамкории он бо донишгоҳҳои «сабз», омода намудани мутахассиони касбӣ дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», рақамӣ ва ҳушманд сухан намуд. Убайдулло Асрорзода баргузории саммитро дар Душанбе барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ ва пурифтихор арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза таъсиси донишгоҳҳои устувор ё «сабз» талаботи замон мебошад. Таъкид шуд, ки саммит майдони фарохест барои ҳамкории муштарак, табодули таҷриба ва пешбурди раванди устувори рушди иқтисоди ҷаҳон.

Дар Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» инчунин роҳбарону намояндагони вазорату мақомоти марбутаи Тоҷикистон, созмонҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии рушд, ректорону профессорони донишгоҳҳои «сабз»-и давлатҳои хориҷӣ доир ба тақвияти ҳамкорӣ, табодули таҷриба, омода намудани мутахассисон ва рушди донишгоҳҳои устувор маъруза намуданд. Таъкид шуд, ки баргузории Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» дар Душанбе ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманди чунин муассисаҳои олии давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаи саммит дар рушди инфрасохтори донишгоҳҳои «сабз» саҳми бориз мегузорад.

Дар анҷоми саммит байни донишгоҳҳои «сабз», дигар муассисаҳои олии мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Самти он ба дурнамои тавсеаи ҳамкории самарабахш ва судманд нигаронида шудааст.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд