Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки онро метавон ба таври ҳаққонӣ «Асри полимерҳо» номид. Аз чӯткаи дандоншӯӣ ва зарфҳои ошхона сар карда, то бастабандии доруворӣ ва қисмҳои технологияҳои муосир, ҳамагӣ аз маводи химиявӣ — полимерҳо ва ё пластикҳо иборатанд. Пластик ҳаёти моро осон, сабук ва арзон кардааст. Аз ҷиҳати дигар истифодаи нодурусти маводи пластикӣ метавонад ба «қотили хомӯш»-и низоми эндокринии мо табдил ёбад.
Номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эркин Файзуллозода доир ба асрори паси тамғаҳои пластикӣ маълумот медиҳад.
– Дар қисмати поёнии ҳар зарфи пластикӣ (дар таҳаш) як секунҷаи хурд ва дар дохили он рақамҳои аз 1 то 7 вуҷуд дорад. Ин рамзгузорӣ на танҳо барои коркарди дубора, балки барои муайян кардани дараҷаи бехатарии мавод барои саломатӣ тарҳрезӣ шудааст, аммо мо истифодабарандагон дар аксар ҳолат онро нодида мегирем.
- Рақами 1 — PET ё PETE (Polyethylene Terephthalate — Полиэтилентерефталат). Инро ба забони дигар «меҳмонони муваққатӣ» (эҳтиёткор бояд буд) мегӯянд. Ин маъмултарин навъи пластик барои зарфҳои об ва нӯшокиҳои газнок аст. Ин гуна зарфҳо танҳо барои як бор истифода шудан тарҳрезӣ шудаанд! Истифодаи дубораи онҳо, хусусан агар дар Офтоб монда бошанд ё бо оби гарм шуста шаванд, боиси хориҷ шудани фталатҳо ва металлҳои вазнин, аз ҷумла сурма мегардад, ки ба дил ва системаи масуният зарар мерасонанд;
— Рақами 2 — HDPE (High-Density Polyethylene — Полиэтилени зичиаш баланд). Инҳоро «қаҳрамонҳо» ва «дӯстон» (бехатартарин намудҳо) мегӯянд. Ин зарфҳои пластикӣ яке аз бехатартарин намудҳо буда, ба таъсири химиявӣ ва ҳарорат тобоваранд ва моддаҳои зарарнокро ба ғизо намегузаронанд. Онҳо одатан дар сохтани зарфҳои шир, маводи шустушӯйӣ ва бозичаҳои кӯдакона истифода мешавад;
— Рақами 3 — PVC (Polyvinyl Chloride — Поливинилхлорид). Инҳоро «душманони пинҳонӣ» (хатарнок) мегӯянд. Ин гуна зарфҳои пластикӣ хеле заҳролуданд. Инҳо дорои металлҳои кадмий, симоб ва диоксинҳо мебошанд. Одатан дар сохтмон ва плёнкаҳои бастабандӣ истифода мешаванд. Ҳангоми сӯхтан ё гарм шудан моддаҳои кансерогенӣ (саратонзо) хориҷ мекунанд;
— Рақами 4 — LDPE (Low Density Polyethylene — Полиэтилени зичиаш паст). Ин маводро метавон «муҳофизи мулоим» номид. Он аз ҷиҳати бехатарӣ ба рақами 2 (HDPE) хеле наздик аст ва яке аз навъҳои бехатар барои саломатӣ ба шумор меравад. Ин рақам дар плёнкаҳои тунуки хӯрокворӣ (ки барои пӯшонидани зарфҳо истифода мешаванд), халтаҳои полиэтилении мулоим (пакетҳо), зарфҳои мулоим, ки фишурда мешаванд (масалан, барои кетчуп ё асал), изолятсияи ноқилҳои барқӣ ва ғайра истифода мешаванд. Ин гуна маводи пластикӣ моддаҳои заҳролудро ба хӯрок қариб ворид намекунанд ва барои нигоҳдории маҳсулот мувофиқанд. Бо вуҷуди барои саломатӣ бехатар будан ин навъи пластик барои табиат зараровар аст, зеро коркарди дубораи он (recycling) душвортар мебошад ва дар табиат садҳо сол боқӣ мемонад;
— Рақами 5 — PP (Polypropylene — Полипропилен). Ин мавод «дӯсти» наздики ошхонаи мост. Он ба гармӣ хеле тобовар аст (то 120-130°C) ва ҳангоми ба он хӯроки гарм гирифтан устувор мемонад. Зарфҳои хӯрокхӯрии бисёркарата одатан аз ҳамин мавод сохта мешаванд;
— Рақами 6 — PS (Polystyrene — Полистирол). Аз ин мавод зарфҳои яккарата истифодашавандаи арзон (пиёлаҳои қаҳва, қуттиҳои ғизои тезтайёр ва ғайра) сохта мешаванд. Ҳангоми ба он илова намудани моеъи гарм ё спирт он стирол хориҷ мекунад, ки заҳри асаб ва хун аст;
— Рақами 7 — OTHER (Ё PC — Polycarbonate — Дигар намудҳо, аксаран поликарбонатҳо). Ин гурӯҳ омехтаи пластикҳои гуногун аст. Бисёре аз онҳо дорои Бисфенол А мебошанд, ки хатари калонтарин барои гормонҳо маҳсуб мешаванд.
Чаро пластик хатарнок аст? Реаксияҳои химиявии дохилие, ки баъди истифодаи нодурусти ин зарфҳо дар организми инсон рӯй медиҳанд, мутахассисони соҳаро низ нигарон кардаанд. Сабаби асосии нигаронии олимон он аст, ки пластик маводи статикӣ (беҳаракат) нест.
Дар зери таъсири гармӣ, нури Офтоб ва вақт молекулаҳои заҳролуд аз сохтори пластик ҷудо шуда, ба ғизо ва ҷисми мо ворид мешаванд.

Бисфенол А (BPA — Bisphenol A): Ин модда аз ҷиҳати сохтори химиявӣ ба гормони занона — эстроген монанд аст. Вақте ки он ба организм ворид мешавад, ретсепторҳои ҳуҷайраҳоро «фиреб» дода, ҷойи гормонҳои табииро мегирад. Ин метавонад боиси безурётӣ дар мардону занон, фарбеҳии музмин, диабети қанд ва халалдор шудани рушди ҷисмонию ақлонии кӯдакон гардад.
Фталатҳо (Phthalates): Моддаҳое мебошанд, ки барои чандирӣ ва мулоимии пластик илова карда мешаванд. Онҳо заҳри ҷигар ва гурда буда, низоми репродуктивиро заиф мекунанд.
5 қоидаи тиллоии бехатарӣ дар самти мазкур вуҷуд дорад, ки дар мавриди риояи он мо қариб, ки особе намебинем.
Барои он ки дастоварди замони муосир- маводи химиявӣ — полимерҳо ба зарари мо истифода нашаванд, риояи ин қоидаҳои одӣ зарур аст:
— Хӯрокро ҳеҷ гоҳ дар зарфи пластикӣ гарм накунед. Ҳатто агар дар он навиштаи «Micro-wave safe» (бехатар барои печи микромавҷӣ) бошад ҳам, худдорӣ кунед. Гармӣ ҷудошавии молекулаҳои заҳролудро ҳазорҳо маротиба метезонад. Беҳтар аст аз зарфҳои шишагӣ, сафолӣ ва ё хӯлагин истифода баред.
— Аз зарфҳо- «баклашкаҳои» кӯҳна, яъне истифодашуда даст кашед. Зарфи оби яккарата (Рақами 1) пас аз холӣ шудан бояд коркард шавад. Истифодаи даҳбораи он барои об ё захира кардани шир дар яхдон хатарнок аст, зеро дар деворҳои он микротаркишҳо пайдо шуда, бактерияҳо ва маводи нолозим ҷамъ мешаванд. Беҳтараш ин гуна зарфҳои харошидашударо партоед, он ба коркарди дубора равад.
— Агар дар дохили зарфи пластикӣ харошидаҳои хурд пайдо шаванд, ин маънои онро дорад, ки қабати муҳофизатии полимер вайрон шудааст. Дар ин ҷойҳо молекулаҳои озоди нолозими химиявӣ ва бактерияҳо маскан мегиранд.
— Маҳсулоти турш ва равғандорро дар зарфҳои пластикӣ нигоҳ надоред. Лимонад, сирко, шарбатҳои турш ва равғанҳои растанӣ «агрессорҳои» химиявӣ мебошанд. Онҳо моддаҳои заҳролудро аз пластик «меҷаббанд» (экстраксия мекунанд). Беҳтараш ин гуна маҳсулотро танҳо дар зарфҳои шишагин нигоҳ доред.
— Афзалият ба шиша барои кӯдакон. Низоми эндокринии кӯдакон хеле нозук ва осебпазир аст. Барои хӯрокдиҳии кӯдакон танҳо аз зарфҳои шишагини стандартӣ истифода баред, то онҳоро аз таъсири Бисфенол А ва дигар гормонҳои сунъӣ муҳофизат кунед.
Химия бояд дар хизмати инсон бошад, на бар зарари ӯ. Дар замоне, ки илму техника бо суръати баланд рушд дорад, моро мебояд «фарҳанги истифодаи маводи химиявӣ»-ро дар худ тарбия кунем. Вагарна дастовардҳои мо метавонанд саломатии насли ояндаро зери хатар гузоранд. Бо интихоби дурусти мавод ва даст кашидан аз фарҳанги нодурусти истифодаи зарфҳои пластикӣ мо на танҳо худ, балки солимии миллату ҷомеаро ҳифз мекунем.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ






