Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими соли равон дар 2500 гектар кишти картошкаи барвақтиро анҷом диҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Ҳоло хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар беш аз 591 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд. Аз ҷумла, аъзои хоҷагии деҳқонии «Раҳим паҳлавон»-и деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровони пиёзу дигар намуди сабзавот собиқаи зиёд доранд, имсол дар 4 гектар картошка кишт менамоянд. То ин муддат дар беш аз 2,5 гектар картошка шинонида шуда, кишти он бо истифода аз вазъи обу ҳаво вусъат дода мешавад.
Кишти картошка ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҳама ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, ки заминҳояшон дар ҳамворӣ воқеъ аст, аз ҷумла, дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Сӯҷина ва Халифа Ҳасан бо вусъат идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






