МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо фазои Тоҷикистон – аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт то дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистонро маъракаи муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар ҳама шабакаҳои телевизионию радиоӣ, саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ садо медиҳад. Ин раванд танҳо маъракаи ҳарбии мавсимӣ набуда, балки занги бедории виҷдон, санҷиши нангу номуси миллӣ ва саҳнаи намоиши садоқати насли наврас ба Ватан-Модар мебошад. Хизмат дар Артиши миллӣ на танҳо уҳдадории конститутсионӣ, балки қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург аст. Аммо ин эҳсоси муқаддас – ватандӯстӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва чаро дар масири таърих тоҷикон барои хоки ин сарзамин ҷони худро фидо мекарданд?
-Ватандӯстӣ дар хун, замир ва хотираи генетикии миллати тоҷик аз ҳазорсолаҳо инҷониб ҷой дорад. Таърихи мо на танҳо бо китобу фарҳанг, балки бо шамшеру сипар ва хуни қаҳрамононе навишта шудааст, ки марги бошарафро аз зиндагии ғуломона авло донистаанд.
Биёед, ба гузаштаи дур назар кунем. Спитамени шердил дар баробари лашкари азими Искандари Мақдунӣ, ки нисфи ҷаҳонро тасхир карда буд, сар фуруд наовард ва то нафаси охирин барои хоки Суғдзамин ҷангид. Яке аз дурахшонтарин ва ҷонсӯзтарин мисолҳои ватандӯстӣ қаҳрамонии Темурмалик – мудофеи Хуҷанд дар баробари истилогарони муғул аст. Ӯ бо гурӯҳи кӯчаки муборизон дар ҷазираи Сирдарё қалъа сохта, ба сели беинтиҳои душман зарбаҳои ҳалокатбор мезад. Вақте ки аз Ватан муҳоҷир мешуд, тибқи ривоятҳои таърихӣ, як мушт хоки Хуҷандро бо худ гирифт, то бӯйи Ватанро бо худ дошта бошад ва дар ғарибиҳо бо ҳамон мушти хок бимирад. Оё аз ин дида мисоли барҷастатари ишқ ба марзу бум вуҷуд дорад?
Дар таърихи навини мо низ чунин мисолҳо бешуморанд. Ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта маҳз бо шарофати фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллат – Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардид. Онҳо дар шароити бисёр ҳассос ва хатарнок бо таҳдиди марг рӯ ба рӯ шуда, барои муайян кардани марзҳои Тоҷикистон ва ҳифзи асолати миллӣ мубориза бурданд ва аксарияташон дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ ҷавонмардони тоҷик нишон доданд, ки тоҷик чӣ гуна меҷангад. Қаҳрамонии Тӯйчӣ Эрйигитов, ки синаи худро ба амбразура (сӯрохии пулемёт)-и душман гузошта, роҳро барои ҳамсафони худ боз кард ва ё шуҷоати Неъмат Қарабоев – аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон мисолҳои беҳамтои фидокорӣ ва ватандӯстии амалӣ мебошанд.
Адабиёти классикӣ ва муосири мо мактаби дигари ватандӯстист. Агар ба «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ назар андозем, тамоми ин асари безавол саршор аз идеяи муҳофизати марзу бум аст. Симои Коваи оҳангар, ки бар зидди зулми Заҳҳок қиём кард ва пешбанди чармини худро дирафши озодӣ (Дирафши Ковиёнӣ) намуд, рамзи бедории миллӣ ва озодихоҳист. Фирдавсӣ бо мисраъҳои оташбори худ нангу номуси ҳар фардро бедор мекунад:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!
Дар адабиёти муосир устод Мирзо Турсунзода пас аз сафарҳои зиёд ба кишварҳои гуногуни олам қадри Ватанро бештар эҳсос намуда, дар васфи Тоҷикистон чунин сурудааст:
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Ва устод Муъмин Қаноат дар достонҳои ҷангӣ, бахусус «Сурӯши Сталинград» қаҳрамонии фарзандони тоҷикро чунон тасвир мекунад, ки хонанда дарк менамояд: муҳаббат ба Ватан сарҳаду масофа надорад, он эҳсоси муқаддасест, ки инсонро ба корнамоиҳои ғайриодӣ водор месозад.
Агар дар гузашта қаҳрамонон барои нигоҳ доштани порчаи хоке мубориза бурда бошанд, дар замони муосир бузургтарин мисоли ватандӯстӣ наҷоти як давлат аз нобудӣ ва муттаҳид сохтани як миллати парешон аст. Ин қаҳрамонӣ ба ном ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, вақте ки кишвар дар гирдоби хуну оташ буд ва хавфи нест шудани харитаи Тоҷикистон вуҷуд дошт, маҳз ҳамин фарзанди сарсупурдаи миллат масъулияти азимро бар дӯш гирифта, гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам! Барои барқарор кардани сулҳ дар кишвар, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам».
Ин суханҳо на танҳо як шиор, балки намунаи олии ватандӯстии амалӣ буданд, ки имрӯз мо самараи он – сулҳу субот ва рушди беназирро мебинем.
Пешвои миллат пайваста ба ҷавонон муроҷиат намуда, онҳоро сипари боэътимоди давлат меноманд: «Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осудаи кишвар, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси онҳост. Артиши мо мактаби обутоби ҳаёт ва майдони камолоти мардонагист».
Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр, дар заминаи холӣ, бе ягон техника ва пойгоҳи меросмондаи ҳарбӣ таъсис ёфт. Имрӯз он ба неруи қудратманд, замонавӣ ва дорои шароити беҳтарини хизмат табдил ёфтааст. Ватандӯстии ҷавонони имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ихтиёран, бо дарки масъулият ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Хизмат дар Артиш барои ҷавонон давраи гузариш аз наврасӣ ба мардонагӣ аст. Дар ин ҷо онҳо:
- қадру қимати сулҳ ва Ватанробо тамоми вуҷуд дарк мекунанд.
- интизом ва масъулиятпазириромеомӯзанд, ки дар оянда барои роҳбарӣ ва идоракунии зиндагӣ муҳим аст.
- дӯстии ҳақиқии мардонаеропайдо мекунанд, ки то охири умр боқӣ мемонад.
- ба таври ҷисмонӣ ва руҳӣ обутоб ёфта, омода мешаванд, ки на танҳо сарҳади давлат, балки оила, зану фарзанд ва падару модари худро муҳофизат кунанд.
Имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ шароити беҳтарини маишӣ, хобгоҳҳои замонавӣ, ошхонаҳои муҷаҳҳаз бо хӯрокҳои серғизо ва имконияти варзишӣ фароҳам оварда шудаанд. Илова бар ин, имтиёзҳои нав, ба монанди гирифтани роҳхат барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва омодагии касбӣ дар давраи хизмат шавқу рағбати ҷавононро даҳчанд кардааст.
Ватандӯстӣ танҳо хондани шеър ва суханрониҳои баландпоя дар минбарҳо нест. Ватандӯстӣ амал аст! Ватандӯстӣ- ин истодан дар сарҳади давлат дар сармову гармо, ҳифзи оромии модарон, таъмини хандаи беғаши кӯдакон ва нагузоштани пои нохалафе ба хоки муқаддаси Тоҷикистон аст.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз бархӯрдҳои сиёсӣ ва хатарҳои терроризму экстремизм аст, доштани Артиши пурқувват ва ҷавонони боғайрат ягона кафолати бақои миллат аст. Ҷавононе, ки имрӯз либоси ҳарбӣ ба бар мекунанд, ворисони ҳамон Спитамену Темурмалик ва Айниву Пешвои миллатанд.
Бигзор ҳар ҷавони тоҷик дарк кунад: Ватанро каси дигар аз берун омада муҳофизат намекунад. Ободии хонадон ва амнияти ин давлат танҳо дар дасти мост. Ба ҳамаи он даъватшавандагон ва наваскароне, ки имрӯзҳо бо сари баланд ва дуои неки падару модарон ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, роҳи сафед, иродаи қавӣ ва хизмати пуршараф орзумандем.
Хизмат ба Ватан – қарзи мардонагӣ, шараф ва ифтихори бузург аст!
Файзиддин Раҷабалиев,
Шаҳриёр Бадалов,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушди он ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд
РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд






